Ба гузориши ИКНО, Давид Турфелл, исломшинос ва нависандаи шведӣ, зимни суханронӣ дар бораи фалсафаи қиёми Имоми Ҳусайн (а) чунин гуфт:
«Имоми Ҳусайн (а) мисли чароғест, ки ҳеҷ вақт хомӯш намешавад. Қиёми ӯ барои муҳаббат ба тамоми инсонҳо буд.»
Дар поён матни пурраи суханронии ӯ оварда мешавад:
Номи ман Давид Турфелл (David Thurfjell) аст. Ман як масеҳӣ аз Шветсия ҳастам ва муҳаққиқи таърихи адён мебошам. Якчанд китоб низ дар бораи шиаҳо навиштаам.
Аввалан, мехоҳам ин рӯзҳои мотамро ба шумо тасаллият диҳам. Мехоҳам бигӯям, ки дар ғами шумо барои Имоматон — Ҳусайн (а) шарикам.
Ҳамзамон, ба шумо изҳори ҳамдардӣ мекунам ва афсӯс мехӯрам, ки зулму ҷиноятҳое, ки дар Карбало рух дода буданд, имрӯз низ, дар замони мо, нисбат ба шиъаён такрор мешаванд. Имрӯз шиъаён дар бисёр ҷойҳо зери фишору вазъияти душвор зиндагӣ мекунанд.
Вақте 20 сол пеш дар Эрон зиндагӣ мекардам, як шиорро зиёд мешунидам:
«Ҳар рӯз Ошуро аст ва ҳар замин Карбало».
Ҷиноятҳое, ки имрӯз ба сари шаҳрвандони шиъа меояд, маро водор мекунад бигӯям, ки мутаассифона ин ҳақиқат дорад. Ҳар рӯз метавонад Ошуро бошад. Барои ҳамин бори дигар ба шумо тасаллият мегӯям ва худро дар ғами шумо шарик меҳисобам.
Ҳамзамон, мехоҳам ба шумо табрик ҳам гӯям — барои доштани Имоме мисли Ҳусайн (а) ва 12 имом. Паёми Карбало барои тамоми инсоният зебо ва пурмаънӣ аст. Албатта, ин паём барои шумо, пайравони Ҳусайн (а), таъсиргузор аст, вале ба ғайр аз он, он рӯи дигарон низ таъсир дорад — на танҳо мусалмонон, балки ғайри мусалмонон низ.
Ман фаҳмидам, ки дар миёни ёрони Ҳусайн (а) як масеҳӣ бо номи Ҷавн ибни Ҳувай (جون) низ буд. Ҳазрати Аббос (а) дар миёни масеҳиён ҳам шахсияти муқаддас ба шумор меравад.
Аз тарафи дигар, на танҳо шиъаён, балки пайравони дигар мазҳабҳо ва динҳо — аз ҷумла аҳли суннат, масеҳиён ва яҳудиён — ба зиёрати муқаддасоти Карбало мераванд.
Дар утоқи кориам як тахта насб шудааст, ки рӯйи он ба форсӣ навишта шудааст:
«Имоми Ҳусайн (а) нуре аст, ки ҳеҷ вақт хомӯш намешавад».
Шояд касе бипурсад: ин нур чист?
Яке аз посухҳо метавонад ин бошад, ки ин нур паёмест ба тамоми инсонҳо, ки ҳатто агар ба ту зулм кунанд, ту бояд ба дигарон муҳаббат нишон диҳӣ.
Ҳамчуноне ки медонед, Имоми Алӣ (а) ба Молики Аштар гуфта буд:
«Агар мардум бародари динии ту набошанд, ҳамнавъи инсонӣ туянд.»
Маънои ин ҷумла чист?
Маънояш он аст, ки як шахси бузург дар миёни ҷангҳои сахту мазҳабӣ низ бо чунин нигоҳ ба дигарон муносибат мекард — ки ҳамаи мо инсонем. Вай ба ҷои душманӣ, дӯстӣ мекард.
Ин аст нури Карбало — нуре, ки ҳаргиз хомӯш намешавад.
Ин таълимот танҳо барои шиъаён ё мусалмонон нест. Ин барои тамоми ҷаҳон аст.
Ба ҳамин хотир мехоҳам ба шумо табрик бигӯям — барои доштани чунин Имом ва ҳамзамон тасаллият бигӯям — барои рӯзҳои ғаму мотами Моҳҳои Мӯҳаррам.